
ЭЪЛОН: ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ БУЛҒОРИСТОН!
https://www.facebook.com/share/p/1CkB2LTmwb/
Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандоне, ки хоҳиши кор кардан дар Ҷумҳурии Булғористон доранд, мерасонад:
Барои кор дар Ҷумҳурии Булғористон тавассути ширкати ҳамкор («СПЛИФФ» ЕООД) бақайдгирии шаҳрвандон оғоз гардид! Агентӣ мутахассисон ва шаҳрвандонро аз рӯи соҳаву равияҳои зерин ба ишғоли ҷойҳои кори холӣ даъват мекунад:
👷♂️ СОҲАҲОИ КОРӢ ВА МУЗДИ МЕҲНАТ (МАОШ):
* Меҳмонхона ва сайёҳӣ (фаррошони меҳмонхона, коргарони ёрирасон, ҷомашӯйхона, ҳавз ва аквапарк, маъмурон, посбонон)
* 💰 Маош: 620–700 EUR / моҳ
* Тарабхона ва хӯроки умумӣ (ошпазон, ёрдамчиёни ошпаз, кормандони ошхона, пешхизматон, барменҳо, зарфшӯён, ёрдамчиёни қаннод)
* 💰 Маош: 500–1 000 EUR / моҳ
* Сохтмон ва корҳои ороишӣ (рангмолон, ҳамворсозони девору сақф, андовакорон, сафолкорон, устоҳои гипсокартон, барқчиён, асфалтпӯшҳо, ронандагони техникаи махсус)
* 💰 Маош: 800–1 846 EUR / моҳ
* Истеҳсолот (коргарони истеҳсолот, операторони таҷҳизот, дӯзандагон, харротон ва фрезерчиён)
* 💰 Маош: 644–1 400 EUR / моҳ
* Анбор ва логистика (ронандагони мошини борбардор, операторони пойгоҳҳои нафтӣ, коргарони анбор)
* 💰 Маош: 650–800 EUR / моҳ
* Савдо ва нуқтаҳои сӯзишворӣ (фурӯшандагон, хазинадорон, кормандони НФС ва мағозаҳо)
* 💰 Маош: 665–800 EUR / моҳ
* Нақлиёт ва таъмири автомобил (ронандагони категорияҳои C/CE, ронандагони самосвал, устоҳои таъмири автомобил, барқкорони автомашина, устоҳои мошинҳои боркаш ва автобусҳо)
* 💰 Маош: 950–2 500 EUR / моҳ
* Тиб (момодояҳо — 820 USD / моҳ; санитарҳо ва кормандони хизматрасонии беморхона — 715,81 EUR / моҳ)
* Тозакунӣ ва хизматрасонӣ (хизматгорони хонаҳои хусусӣ, фаррошони меҳмонхона, ҳавз ва соҳил)
* 💰 Маош: 639–902 EUR / моҳ
📅 ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРӢ ВА МУСОҲИБА:
* Вақти мусоҳиба: Мусоҳибаҳои мақсаднок бо корфармо рӯзҳои 10 ва 11 ноябр, соати 09:00 баргузор мегарданд.
* Шаҳрвандони хоҳишманд метавонанд бо рақамҳои зерини тамос дар робита шуда, худро пешакӣ барои иштирок дар мусоҳиба ба қайд гиранд.
📍 МАКОНИ АГЕНТӢ ВА ХАРИТА:
* Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, 80 (наздикии «Пивзавод»)
* Ҷойгиршавӣ дар харита (МД «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»):
🔗 Бингаред дар Google Maps
📞 ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ ВА БАҚАЙДГИРӢ:
🏢 Маркази асосии Агентӣ (ш. Душанбе):
* Суроға: кӯчаи Лоҳутӣ, 80 (наздикии «Пивзавод»)
* Телефонҳо: 221-39-83, 221-39-85
* Рақамҳои мобилӣ ва WhatsApp:
* +992 55 555 1080
* +992 98 790 6666
* +992 91 576 7743
* +992 91 888 8679
🏢 Намояндагиҳо дар минтақаҳо:
* Вилояти Суғд: +992 92 777 0909, +992 88 440 6633
* Вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +992 93 487 8828
* ВМКБ: +992 935 101 439, ВМКБ (ш. Хоруғ): +992 935 771 075
📌 Ҳамаи хизматрасониҳои Агентӣ ройгон аст.