
НАХУСТИН ГУРӮҲИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ГУЗАШТАНИ ТАҲСИЛОТИ ДУАЛӢ БА БАВАРИЯ РАСИДАНД
https://www.facebook.com/share/p/1NWZvTUVDm/
Дар доираи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи федералии Баварияи Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар самти таҳсилоти касбӣ ва омода намудани кадрҳои ҷавон, нахустин гурӯҳи ҷавонони Тоҷикистон барои иштирок дар барномаи таҳсилоти дуалӣ - Ausbildung ба Бавария сафар намуданд.
Ин иқдом дар асоси Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ, ки 30 апрели соли 2026 байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод, рушди минтақавӣ ва энергетикаи Бавария ба имзо расид, амалӣ мегардад. Ҳадафи асосии ҳамкорӣ фароҳам овардани имкониятҳои таҳсилоти касбӣ ва рушди малакаҳои ҷавонони Тоҷикистон, инчунин мусоидат ба таъмини бозори меҳнати Бавария бо кадрҳои соҳибихтисос мебошад.
Дар доираи татбиқи Ёддошти тафоҳум, моҳи майи соли 2026 дар Душанбе қабули довталабон оғоз гардид. Яке аз талаботи асосии иштирок дар барнома доштани сатҳи дониши забони олмонӣ на камтар аз B1 буд. Барои муайян намудани сатҳи забондонии довталабон имтиҳонҳои байналмилалии TELC баргузор гардида, ҳамзамон ба барнома ҷавононе ҷалб гардиданд, ки аллакай дорои сертификатҳои байналмилалии TELC, Goethe ва DSD буданд.
Пас аз марҳилаи интихоби довталабон, барои иштирокчиён рӯзҳои 4–6 июни соли 2026 дар Душанбе тренингҳои махсуси омодагӣ баргузор гардиданд. Тренингҳо аз ҷониби bbw gGmbH бо иштироки мутахассисони олмонӣ гузаронида шуда, ба омодасозии ҷавонон ба мусоҳиба бо корфармоёни олмонӣ, тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, муҳити корӣ ва таҳсил дар Олмон равона гардиданд.
Баъди анҷоми марҳилаи омодагӣ, мусоҳибаҳои онлайн бо корфармоёни Бавария баргузор шуданд. Дар натиҷа як гурӯҳи ҷавонон шартномаҳои таҳсилоти касбӣ (Ausbildungsvertrag) ба даст оварданд ва барои оғози таҳсил ва фаъолияти касбии худ ба Олмон сафар намуданд.
Қобили зикр аст, ки ҳангоми расидан ба Олмон ҷавонони тоҷикро намояндагони Агентии шуғли аҳолӣ дар Бавария, Палатаҳои ҳунармандӣ ва корфармоёни онҳо дар фурудгоҳ истиқбол гирифтанд. Тибқи модели таҳсилоти дуалии Олмон, ҷавонон қисми вақти худро дар корхона ва қисми дигарро дар муассисаи таҳсилоти касбӣ мегузаронанд. Ҳамин тариқ, онҳо ҳамзамон донишҳои назариявӣ гирифта, таҷрибаи амалии касбӣ пайдо мекунанд.
Ин аввалин гурӯҳи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи ташаббуси мазкур мебошад. Таҷрибаи соли аввал барои такмили минбаъдаи раванди интихоб, омодагӣ, ҷойгиркунии довталабон дар корхонаҳо ва дастгирии онҳо дар марҳилаи раводид ва сафар заминаи муҳим фароҳам меорад.